Соли гузашта бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 11 нафар ба ҳалокат расиданд.

Бино ба маълумоти муовини аввали раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ, генерал-майор Абдусаттор Хушвақтов, соли гузашта дар ҷумҳурӣ 120 ҳодисаи фавқулодда рух додааст. Соли 2010 дар Тоҷикистон 238 ҳодисаи фавқулодда рух дода, бар асари он 61 нафар фавтида буданд.

«Дар ин давраи ҳисоботӣ аз офатҳои табиии гуногун 1 ҳазор манзили зист осеб дид (57 манзил пурра хароб гардид), ки ҳаҷми умумии зарари расидаи он 43 млн. сомониро ташкил дод», - изҳор кард вай ва илова намуд, ки соли 2010 дар кишвар бар асари офати табиӣ 4426 манзили зист осеб дида, ҳаҷми умумии зарари он 74 млн. сомониро ташкил дода буд.

Ба қавли номбурда, ҳаҷми умумии маблағи зарар аз офати табиӣ дар соли гузашта ҳудуди 43 млн. сомониро ташкил додааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки ин маблағ дар соли 2010 ба 518 млн. сомонӣ баробар буд.

Муовини раиси кумита ҳамчунин гуфт, соли гузашта дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои оббозиву шиноварӣ дар рӯдхонаву кӯлҳои кишвар 118 нафар ба ҳалокат расиданд, ки нисбат ба соли 2010-ум 3 ҳодиса камтар аст.

«Соли 2011 барои мардуми кишвар ва кумитаи мо бо шумори начандон зиёди ҳодисаҳои фавқулодда ва миқдори нисбатан ками ҷабридагон соли бобарор буд», - афзуд Хушвақтов.