Дар ноҳияҳои Дарвозу Рашти минтақаи шарқи ҷумҳурӣ сабти ҳодиисаҳои заминларза идома дорад.

Дар нишасти хабарӣ сардори Раёсати ҳифзи аҳолӣ ва қаламрави Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ Ҷамшед Камолов дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки дар ин минтақа ҳаракати тектоникии тарқиши геологии «Дарвоз-Қаракӯл» идома дорад.

«Бинобар ин дар бораи ифтитоҳи бунгоҳи доимии мушоҳидаи тарқиши «Дарвоз-Қаракӯл» тасмим гирифта шуд, то ки хусусият, давраҳо ва иқтидори заминларзаҳо мунтазам пайгирӣ шаванд. Бунгоҳи мазкур бо мусоидати мутахассисони КҲФ ва МГ ва зилзиласанҷон кушода мешавад», - гуфт вай.

Ба гуфтаи ӯ, мутахассисони КҲФ дар ҳамдастӣ бо намояндагони дигар вазорауту идораҳои дахлдор вазъи мавзеи мазкурро омӯхта, ошкор сохтанд, ки бар асари ҳодисаи фавқулода 53 хонаи гилӣ қисман осеб дидаанд.

Камолов ҳамчунин гуфт, аз ду ҳодисаи заминларза талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. «Танҳо рӯзи аввал чанд тан ҷароҳати начандон вазнин бардошта, саривақт ба беморхона мунтақил шуданд», - афзуд номбурда.

Ғайр аз ин, дар нишасти хабарӣ ҳамзамон зикр гардид, ки Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба 10 хонаводаҳои бештар ниёздошта кӯмаки зарурӣ расонидааст.

Ёдрас мекунем, ки бино ба маълумоти хадамоти геофизикии Академияи илмҳои Тоҷикистон, заминларзаи аввал бо иқтидори то 5 балл дар ноҳияи Дарвозу Рашт рӯзи 29-уми декабри соли гузашта ба қайд гирифта шуда буд. Тайи ҳафтаҳои ахир дар ин мавзеъ ҳамарӯза ҳодисаҳои заминларза рух медиҳанд.