Як сарбози қатории қисми низомии 87740-и Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, ки дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон мустақар аст, даст ба худкушӣ зад.

Тавре ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» наздикони оилаи фавтида хабар доданд, ҳодисаи фоҷеабор субҳи рӯзи 9-уми январ рух додааст. Ба гуфтаи онҳо, сокини рустои Фурқати ноҳияи Ёвон Мӯҳриддини Шайдулло рухсатӣ гирифта ба хонаашон меояд ва дар он ҷо даст ба худкушӣ мезанад. Ҷасадро падари сарбоз дарёфт кардааст.

Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти манбаъ, модари сарбоз низ ба ин фоҷеа тоб наоварда, рӯзи 16-уми январ аз бемории сактаи дил (инфаркт) ба ҳалокат расидааст. Тибқи иттилои прокуратураи низомии гарнизони Қӯрғонтеппа, айни замон аз рӯйи далели худкушӣ санҷиши прокурорӣ доир шуда истодааст.