Шоми дирӯз бар асари садамаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе як ҷавон ба ҳалокат расид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон хабар доданд, дар кӯчаи Ҷаббор Расулови пойтахт ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» А.Н.-и 23-сола аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба симчӯби хатти барқи канори роҳ бармехӯрад.

«Аз ҷароҳатҳои бардошта ронандаи автомашина ба ҳуш наомада, дар бемористон ба ҳалокат расид. Мусофири 20-солаи ӯ М.М. дар шӯъбаи эҳёгарии бемористон қарор дорад», - афзуд манбаъ.