Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ раиси бозори ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ кушта шуд.

Аз Раёсати умури дохилии вилояти Суғд ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ доданд, ки санаи 9-уми феврал шахсони номаълум вориди хонаи раиси бозори ҷамоати Палдораки ноҳияи Мастчоҳ Эшон Бузургови 79-сола мешаванд ва бо шаш зарбаи корд ӯро ба ҳалокат расонида, сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

«Аз ҷароҳатҳои бардошта Бузургов дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст», - гуфтанд дар раёсат.

Зикр гардид, ки аз рӯйи ин ҳодиса дар мақомоти прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ мутобиқи моддаи 104-и КҶ ҶТ (Одамкушӣ) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Як манбаъ аз Раёсати корҳои дохилии вилоят иттилоъ дод, ки зимни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Хуҷанд ду нафар гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят – Бузург Бузургови 25-сола ва Ҷалол Шарифови 36-сола боздошт шудаанд.

Аз онҳо далели шайъӣ – корди хоҷагӣ мусодира шудааст. Тафтишот идома дорад.