Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҶТ дар бораи эҳтимоли зиёди тармафароӣ дар минтақаҳои кишвар огоҳии таъҷилӣ интишор намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти кумитаи мазкур Ориф Нозимов хабар дод, рӯзҳои наздик, то 23-юми феврал ронандагонро беҳтар аст аз сафар тавассути роҳҳои мошингарде, ки шаҳри Душанберо бо ВМКБ, вилояти Суғд ва водии Рашт мепайванданд, худдорӣ кунанд.

«Бинобар сабаби боришоти шадиди борону барф, дар аксари қитъаҳои роҳҳое, ки марказро бо минтақаҳо меайванданд, тарма фаромадааст. Ғайр аз ин, дар бисёр қитъаҳои дигар низ эҳтимоли зиёди фаромадани тарма вуҷуд дорад», - гуфт вай.

«Фаромадани тарма метавонад ба харобшавии иншооти таъмини ҳаёт, баста шудани роҳҳои мошингард ва эҷоди мушкилот дар ҳаракати воситаҳои нақлиёт боис гардад», - огоҳ мекунанд дар кумита.

Номбурда афзуд, дар тамоми қитъаҳои роҳҳое, ки тарма фаромадааст ё эҳтимоли фаромадани он вуҷуд дорад, кормандони кумита машғули кор буда, техникаи махсус истифода мешавад.

Дар ҳамин ҳол, филиали ШС «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар ҶТ хабар медиҳад, ки дар қитъаи роҳи аз километри 47 то 72-юми роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанак вазъияти мураккаб ҳанўз боқӣ мондааст. Бориши аз меъёр зиёди барфу борон ва гармшавии давраии ҳаво боиси тармафароии шадид гаштаанд. Дар қитъаҳои алоҳида баландии тармаҳо то 20 метр ва дарозиашон то ним километр мерасад. Дар қитъаи дар боло зикргардида давоми шабонарўзи гузашта фаромадани 150 тарма ба қайд гирифта шуд.

Дар робита ба вазъияти баамаломада дар тамоми хадамотҳои роҳдории Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз» дар ҶТ низоми шадиди корӣ ҷорӣ карда шудааст. Роҳдорон бо истифода аз техникаи махсус роҳро аз барфу тарма тоза карда истодаанд. Дар анҷом додани корҳои тозакунӣ аз барф чунин техникаи Филиал, аз қабили боркунакҳо, грейдерҳо, булдозер, экскаватор, мошини гуногункора, худпартоҳо ҷалб карда шудаанд. Роҳдорон сари вақт бо ғизо ва техника бо маводи сўхту молиданӣ таъмин мегарданд.

Ба фаъолияти беисти хадамотҳои роҳдорӣ нигоҳ накарда, қитаъаи роҳ аз километри 47 то 72 муваққатан баста шудааст. Корҳо ҷиҳати барқарор кардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт ба таври шабонарўзӣ ба роҳ монда шудаанд. Ҳамзамон хавфи фаромадани тармаҳои калон ҷой дорад, ки барои механизаторон хатар эҷод мекунад. Барои ронандагон ва мусофироне, ки дар муҳосираи тармаҳо қарор доштанд, аз ҷониби кормандони Филиал аз ду самт – Зарафшону Варзоб ғизо ташкил карда шуд. Тавассути нақлиёти ташкилкардаи Филиал мусофирони нақлиёти дармонда ба мавзеҳои бехавф интиқол дода шуданд.