Давоми шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ҷумҳурӣ ду ҳодисаи ғарқшавии наврасон ба қайд гирифта шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.
Як ҷавони 18-солаи ҷамоати деҳоти Лолазори ноҳияи Данғара, ҳангоми оббозӣ дар канали ГМК-и ноҳияи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.
Гуфта мешавад, ки ӯ ба аёдати хешу табораш ба деҳаи Навбунёди ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ноҳияи Вахш рафта будааст.
"Баъди роҳандозии корҳои ҷустуҷӯӣ соати 18:30 дақиқа ҷасади номбурда 5 метр поёнтар аз ҷои ҳодиса пайдо ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурда шуд", - омадааст дар хабарнома.
"Як навраси 16-сола ҳам рӯзи 21-уми июни соли равон дар дарёи Зарафшон ғарқ шуда ба ҳалокат расидааст", - илова намудааст дафтари матбуотии КҲФ.
Гуфта мешавад ӯ сокини деҳаи Боғчаи ҷамоати Шинги шаҳри Панҷекат будааст. Сабаби ғарқ шуданаш маълум нест.
"Рӯзи 23-уми июни соли 2022 наҷотдиҳандагони ихтиёрӣ аз ҷумлаи сокинони маҳаллӣ ҷасади ноболиғро дар соҳили рӯди Зарафшон пайдо карда, ба мақомоти дахлдор супурданд", - зикр шудааст дар хабар.
Тибқи маълумоти КҲФ, аз оғози соли равон дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар дарёву кӯл ва наҳру дигар обанборҳои кишвар 67 нафар ғарқ шудаанд, ки 40 нафарашон кӯдакону наврасони аз 4 то 16-сола мебошанд.
Ӯзбекистон воридоти пахтаро аз Тоҷикистон зиёд кард
Боздошти марди 80-сола бо гумони дастдарозӣ ба занон
Воридкунандагони нақлиёти барқиро дар Тоҷикистон аз пардохтҳои андозу гумрук озод мекунанд
Обуҳавошиносон аз селфароӣ дар саросари Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд
Дарёфти ҷасади духтари 16-сола аз дарёи Зарафшон
Ҳунарҳои устоҳои Истаравшан, ки Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайрат овард
Ашраф Ғанӣ: Бар асоси сарқонун ман Президенти Афғонистон ҳастам
Оғози тамринҳои низомии Фармондеҳии марказии ИМА дар Тоҷикистон
Паймонкори қазияи ҳалокати муҳоҷирон дар чоҳи обрави Маскав ҳабси хонагӣ шуд
Ҷудокори тоҷик Нуралӣ Эмомалӣ - қаҳрамони ҷудои ҷаҳон миёни ҷавонон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста