Душанбе. 9-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи назди Президенти ҶТ, Ҳомид Қосимов, сармуҳосиби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар ҷинояти тасарруфи маблағҳои давлатӣ ва сохтакории хизматӣ гумонбар медонанд. Аз агентии номбурда ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки Ҳ.Қосимов тавассути тартиб додани ҳуҷҷатҳои қалбакӣ 130 ҳазору 548 сомонӣ маблағҳои давлатиро тасарруф кардааст. «Нисбат ба сармуҳосиби номбурда тибқи моддаҳои 245 (Азонихудкунӣ ё исрофкорӣ) ва 323 (Сохтакории хизматӣ)-и КҶ ҶТ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардидааст», - зикр кард манбаъ ва афзуд, ки мансабдори гумонбаршуда аллакай ба ҳабс гирифта шудааст.
Радио эфир
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста