Душанбе. 8-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Нозирони посгоҳи гумрукии Панҷи Поён» чанде қабл аз интиқоли ғайриқонунии як миқдор сигаретҳои навъи « PINE » аз Афғонистон ба ҶТ ҷилавгирӣ карданд.

Аз дафтари матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ки ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи шаҳрванди ҶТ Музаффар Исҳоқов дар бордони он 500 блок сигаретҳои номбурда дарёфт шуд, ки дар декларатсияи гумрукӣ сабт нагардида буданд.

«Сигаретҳои пинҳоншуда мусодира гашта, нисбат ба вайронкунандаи қоидаҳои гумрукӣ чораҳои маъмурӣ татбиқ карда мешаванд», - изҳор дошт манбаъ.