Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар нишасти матбуотӣ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Маҳмадназар Солеҳов изҳор дошт, ки сокинони ба протокол имзогузоштаи Хоруғ ҷинояткор нестанд, зеро ба ҷинояткор будан ё набудани шахс танҳо додгоҳ ҳукм мебарорад.
«Таври маълум ахири моҳи май дар шаҳри Хоруғ гирдиҳамоиҳо баргузор шуданд ва сипас муроҷиати чор нафар шаҳрвандон унвонии президенти кишвар ирсол гардид, - гуфт вазир. - Бо супориши сарвари давлат ман роҳбари гурӯҳи кории ҳукуматӣ таъин гаштам ва мо бо шахсони маъруфу обрӯманди минтақа сӯҳбату гуфтушунид анҷом дода, маъракаи ихтиёрӣ супоридани силоҳи оташфишон аз аҳолиро муваффақона гузаронидем, ки дар натиҷа аз 20-уми июн то 17-уми июл 250 адад аслиҳа ва муҳимот ихтиёрӣ аз ҷониби аҳолӣ ба мақомот супорида шуд».
«Имрӯз вазъи минтақа орому тинҷ буда, таҳти назорати ҳукумат ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар қарор дорад», - афзуд М.Солеҳов.
Ёдрас мекунем, ки аввалҳои моҳи июл дар шҳри Хоруғ бо иштироки раиси вилояти ВМКБ,
мақомоти шаҳрдорӣ , вазири корҳои дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов ва як қатор намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ва сокинони вилоят Имомназар Имомназаров, Толиббек Айёмбеков, Ёдгоршо Маҳмадасламов ва Маҳмадбоқир Маҳмадбоқиров Протоколи нияти пуштибонӣ аз тартибот дар ВМКБ ба имзо расид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, Ки бояд ҳамаи аслиҳа ва муҳимоти ҷангии дар ихтиёри аҳолӣ қарордошта ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуда, минбаъд тамоми масоили мавҷуда тибқи қонунҳои амалкунандаи кишвар ҳаллу фасл шаванд.
Дар санад аз аҳолии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даъват ба амал оварда шуда буд, ки чораҳои ҳукумат ба хотири эътидоли вазъ дар минтақаро дастгирӣ намоянд.
“Хариду фурӯш”-и сарбоз? Дар Суғд оилаҳое, ки писарашон ба хидмати ҳарбӣ намеравад, маблағ ҷамъ мекунанд
Такрори бӯҳрон? Ихтилофи навбатӣ дар сафи Ҳизби демократи Тоҷикистон
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста