Душанбе. 7-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз 4 амали муомилоти ғайиқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, беш аз 7 кило маводи нашъаоварро мусодира карданд

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дирӯз дар шаҳри Хуҷанд автомашинаи навъи « Mer с edes »-и   мансуб ба сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт гардида, аз мусофири он – Ҳошим Аъзамов ҳудуди 5 кило маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Худи ҳамин рӯз дар шаҳри Истаравшан аз зери нишастгоҳи автомашинаи Баҳодур Ёқубов боз 1 кило ҳероин дарёфт шуд», - гуфт манбаъ.

Ба иттилои сарчашма, рӯзи 6-уми май дар шаҳри Кӯлоб низ аз манзили истиқоматии Саидикром Қаюмов 1 кило ва хонаи Хуршед Ҷумъаев 240 грамм маводи нашъаовари марихуана дарёфт ва мусодира карда шудааст.