Душанбе . 8- уми май . ОИ « Азия - Плюс » - Муҳаммад ӣ Салимзода , табааи то ҷ иктабори Қирғизистон , бо гуноҳи ҷ осус ӣ ва қасди сарнагун намудани давлати То ҷ икистон ба муддати 29 сол аз озод ӣ маҳрум шуд .

Насим Ҳасанов, додраси додгоҳи олии То ҷ икистон ва масъули муҳокимаи парвандаи мазкур, аз ифшои ҳар навъи иттиллоъ дар мавриди ин қазия, ки пушти дарҳо баста гузашт, худдор ӣ кард. Ба қавли номбурда, ин парванда дар шумори муҳокимаҳои махф ӣ ворид шудааст.

Муҳаммад ӣ Салимзода, ки ҳоло 49-сола аст, то соли 1992 дар мақомоти амниятии То ҷ икистон фаъолият намуда, сар аз соли 1993 ҳамроҳ бо оилааш зиндагиро дар Қирғизистон ихтиёр кардааст. Шаҳрвандии ин кишварро пазируфта, то замони бознишаста шудан дар нер ӯ ҳои мусаллаҳи ин кишвар адои хидмат кардааст. Айни ҳол пайвандонаш дар Бишкек - пойтахти Қирғзистон ба сар мебаранд. Дар ин бора бахши тоҷикии радиои Озодӣ хабар медиҳад.