Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Додгоҳи Олии Тоҷикистон ду нафар шаҳрванди Афғонистонро ба даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддиру силоҳ ва убури ғайриқонунии марзи давлатӣ гунаҳкор дониста, ҳар кадомеро ба 24 соли зиндон маҳкум кард.

Чӣ тавре ки аз Додгоҳи Олии ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, шаҳрвандони Афғонистон – Хайриддин валади Сулаймон ва Назир валади Имомназар охирҳои соли гузашта дар ноҳияи наздисарҳадии Шӯрообод боздошт гардида буданд.

Ба иттилои манбаъ, ҳангоми боздошт аз онҳо ҳудуди 30 кило маводи мухаддири каннабис, 48 кило ҳашиш, 6 кило ҳероин, силоҳи оташфишон ва муҳимот барои он дарёфт ва мусодира карда шуда буд.