Душанбе. 13-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ шабонарӯзи гузашта дар фурудгоҳҳои кишвар аз ду ҳодисаи интиқоли маводи мухаддир ба Русия ҷилавгирӣ намуданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти хадамот хабар доданд, дар фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе ва Кӯлоб ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар сокинони 30-солаи пойтахт Сӯҳроб Зайдуллоев ва Марина Аҳмедова боздошт шуданд, ки аз онҳо ба миқдори умумии беш аз 1 кило маводи сахттаъсири ҳероин мусодира карда шуд.

  «С.Зайдуллоев дар пинҳонгоҳи борхалтаи сафарӣ 800 грамм ҳероинро мехост аз Кӯлоб то Маскав расонад ва М.Аҳмедова дар дохили меъдааш 200 грамм маводро аз Душанбе то шаҳри Самара бурданӣ буд», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки аз рӯи ин далелҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд.