Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Узви гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Эшони Дароз, собиқ қумондони даврони ҷанги шаҳрвандӣ дастгир карда шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ хабар доданд, боздоштшуда – сокини ноҳияи Нуробод, Музаффар Нуриддинови 35-сола солҳои 90-уми асри гузашта ба гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Фатҳулло Тоҷиддинов, ки бо лақаби Эшони Дароз маъруф аст, шомил буд.

Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории корҳои тафтишотӣ ошкор гардид, ки дар давоми солҳои 1993-1994 боздоштшуда бо ҳамроҳии Мулло Абдулло дар содир намудани як қатор ҷиноёти махсусан вазнин дар қаламрави ноҳияҳои Файзободу Ваҳдат, аз ҷумла ба қатл расонидани ду корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Файзобод дар соли 1998 даст дорад.