Душанбе. 19-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Ҳафтаи гузашта дар доираи чорабиниҳои бахшида ба таҷлили ҷашни солгарди Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон кормандони агентӣ бо донишҷӯёни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон мулоқот оростанд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ хабар доданд, намояндагони агентӣ бо донишҷӯён дар бораи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар, тарзи пешгирии гирифторӣ ба нашъамандӣ ва воситаҳои муолиҷаи он, тарзи дурусти интихоби роҳи ҳаёти минбаъда ва хатари истеъмоли маводи нашъаовар мулоқоти судманд анҷом доданд.
Ба иттилои манбаъ, чанде пештар дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои ҷашнӣ дар шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳамдастӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҶТ ва Кумитаи ҷавонон агентӣ бо иштироки ҷавонони маҳал мусобиқаи давиданро доир сохт ва дар фарҷоми он бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа чорабинии зидди маводи мухаддир баргузор кард. «Ба ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ дар мавзӯи пешгирӣ ва мубориза бо маводи мухаддир дастур ва варақаҳо тақисм карда шуд», - афзуд манбаъ.
Аз ятимӣ то Ватансозӣ: рӯзгори сарсупурдае, ки аз ҷанг ба сиёсат расид
Рӯзи ғалаба муборак, Тоҷикистон!
Вазъи омӯзгори дар муноқишаи ахири сарҳадӣ захмбардошта муътадил арзёбӣ мешавад
Эмомалӣ Раҳмон баъди гулчамбаргузорӣ дар “Боғи Ғалаба”-и Душанбе ба Русия рафт
“Ворисони шашмақом” - муаррифи санъати мусиқии Шашмақом ва мақомсароёни тоҷик
Боздиди гурӯҳе аз вакилони парлумони Олмон аз Тоҷикистон
Даромад ба воситаи ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ. Чӣ гуна Меҳринисо дар ташкилоти “Шодком” пул кор карданро омӯхт?
Размикорони тоҷик дар UFC: мақоми Алиев, Наимов, Раҷабов ва Ғафуров дар радабандӣ
Пешниҳоди Рустами Эмомалиро СММ қабул кард. Акнун ҳамасола 25 май - Рӯзи ҷаҳонии футбол таҷлил мешавад
Дар пайи тирпаронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон як омӯзгори тоҷик захмӣ шуд. Тафсилоти пурраи ҳодиса
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста