Душанбе. 20-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Шабонарӯзи гузашта кормандони милисаи ҷумҳурӣ аз панҷ ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуда, дар натиҷа ҳудуди 17 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ хабар доданд, чанде пештар дар ноҳияи Панҷ шаҳрванди Афғонистон Муҳаммадориф валади Ҳасанбой бо ҳудуди 11 кило афюн ва дар ноҳияи Ҳамадонӣ сокини маҳаллӣ Сироҷиддин Назаров бо 4 кило бангдона боздошт шуданд. «Ҳамчунин дар ноҳияҳои Данғараву Ишкошим ва шаҳри Душанбе боз се нафари дигар боздошт шуданд, ки аз онҳо ба миқдори умумии 2 кило маводи мухаддири бангдона дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфт манбаъ.

            Ёдрас мекунем, ки дар зарфи чаҳор моҳи соли ҷорӣ мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ беш аз 1,5 тонна маводи мухаддирро мусодира карданд.