Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров изҳор дошт, ки дар назди Консорсиуми ҳуқуқшиносии Тоҷикистон Маркази ҳуқуқи исломӣ таъсис дода мешавад ва он ба корҳои илмиву таҳқиқотӣ дар ин самт машғул хоҳад гардид.

Ба гуфтаи ӯ, марказ фаъолияти худро ба омӯзиши муқоисавии мактабҳои гуногуни ҳуқуқи исломӣ мутамарказ хоҳад сохт. «Дар марказ низоми ҳуқуқи исломӣ ва муқаррароти қонунгузорӣ дар кишварҳои исломӣ, ки муносиботи ҳамарӯза дар ҷомеаро танзим месозад, мавриди омӯзиш қарор хоҳад гирифт», - гуфт ӯ.

  Сиёсатшинос афзуд, ҳамаи ҷанбаҳои мусбати таҷрибаи қонунгузории ин кишварҳо барои такмили қонунгузории ҷумҳурӣ пешниҳод хоҳад гардид.