Душанбе. 21-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон ҳангоми фурӯши маводи мухаддир узви гурӯҳи муташаккили ҷиноятпешаро, ки маводи мухаддири афғониро тавассути Тоҷикистон ба кишварҳои дигари ИДМ интиқол менамуданд, боздошт намуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентӣ хабар доданд, нафари боздоштгардида донишҷӯи яке аз мактабҳои олии пойтахт буда, зимни кофтукови шахсӣ аз ӯ ба миқдори 2 килову 19 грамм маводи мухаддири ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шудааст.

            Бино ба иттилои манбаъ, арзиши маводи мухаддири мусодирашуда дар «бозори сиёҳ» зиёда аз 1000 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.