Душанбе. 22-юми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар дар ҷаласаи ситоди баргузории амалиёти «Кӯкнор-2009» дар шаҳри Хуҷанд ҷараёни иҷрои чорабиниҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон иттилоъ доданд, ба баргузории амалиёт тамоми сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва аҳли ҷомеаи вилоят ҷалб карда шудаанд. «Аз 15 то 20-уми май зимни азназаргузаронии қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ва замини хоҷагиҳо дар масоҳати 0,2 гектар 5 далели нашъунамои бангдонаи худрӯй ошкор ва нобуд карда шуд», - гуфт манбаъ.

            Бино ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баргузории амалиёти «Кӯкнор-2009» дар ҷумҳурӣ беш аз 5 кило маводи мухаддир ва 2 адад силоҳи оташфишон мусодира гардид.