Душанбе. 23-юми май - Корманди Агентии назорати давлатии молияв ӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷ умҳурии То ҷ икистон, полковники адлия Мавлонназар Шерназаров ҳангоми и ҷ рои вазифаҳои хизматии худ, бо мақсади дар ошкор кардани ҷ иноятҳои коррупсион ӣ беҳтар нишон додани фаъолияти хеш, моҳи июли соли 2007 ба сохтакории далелҳо даст зада, дар хусуси аз муовини комиссари ҳарбии ноҳияи Хуросон М. Алимардонов гирифтани 100 доллари ИМА протоколи қалбак ӣ тартиб додааст.

            Вобаста ба ин ҳолат, 15 октябри соли 2008 аз ҷ ониби Прокуратураи генералии Ҷ Т нисбати М. Шерназаров оид ба сохтакории далелҳо парвандаи ҷ иноят ӣ оғоз карда шуда, тафтишоти он ба прокуратураи вилояти Хатлон вогузор шуда буд.

             Дар рафти тафтиши парвандаи ҷ иноят ӣ М. Шерназаров ба ҳабси пешак ӣ гирифта шуд.

              Парвандаи ҷ иноят ӣ баъди ан ҷ ом додани тафтишоти пешак ӣ барои баррас ӣ ба суд фиристода шуд. Дар нати ҷ а, бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон аз 19 майи соли ҷ ор ӣ Мавлонназар Шерназаров дар сохтакории далелҳои парвандаи ҷ иноят ӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ 5 сол ҷ азои маҳрум ӣ аз озод ӣ , бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба м ӯ ҳлати 3 сол ва маҳрум кардан аз рутбаи махсуси палковники адлия, таъин карда шуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Прокуратураи генералии Ҷ умҳурии То ҷ икистон иттилоъ медиҳад.