Душанбе. 27-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон чанде пештар фаъолияти гурӯҳи қочоқбари фаромиллиро, ки маводи мухаддири афғониро тавассути қаламрави Тоҷикистон ба Русия интиқол медоданд, қатъ сохтанд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз шӯъбаи робита бо ҷомеаи агентии мазкур иттилоъ доданд, дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир автомашинаи навъи «Муссо»-и ба шаҳрванди ҶТ Ш.Х. тааллуқдошта боздошт мегардад ва зимни азназаргузаронӣ аз дохили он 11 килову 690 грамм маводи саххтаъсири хушсифати ҳероин дарёфт ва мусодира карда мешавад. «Бастаҳои селофании ҳероин навиштаҷоти арабӣ ва мӯҳр дошта, дар яке аз озмошгоҳҳои махфии Афғонистон истеҳсол карда шудаанд», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, зимни тафтишот ҳамчунин шарики ин қочоқбар низ боздошт гардида, айни замон ҷиҳати муайян кардан ва боздошти аъзои дигари гурӯҳи қочоқбар чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.