Душанбе. 25-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз ба муносибати 10-умин солгарди таъсиси Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Таҳлил ва табодули иттилоот дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир, таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар Осиёи Марказӣ» конфронси байнулмилалӣ ба кор шурӯъ кард

            Конфронс аз ҷониби ҳукумати ҷумҳурӣ ва Идораи СММ оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ созмон дода шуда, дар кори он намояндагони хадамоти дахлдори кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон, Русия, Афғонистон ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон иштирок мекунанд. Иштирокдорони конфронс масъалаи механизмҳои табодули иттилоот дар кори мубориза бо маводи мухаддирро баррасӣ намуда, таҷрибаи Тоҷикистон дар кори таъсиси агентии зидди маводи нашъаоварро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод.

Иштирокдорон ва меҳмонони конфронс рӯзи 30-юми май дар ҷамъомади тантанавӣ ва консерт бо иштироки мақомоти раҳбарии кишвар низ ширкат хоҳанд варзид.