Душанбе. 29-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Мансабдори яке аз корхонаҳои шаҳри Ваҳдат барои напардохтани музди меҳнати коргарон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб карда шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, нисбат ба сардори КВД «Низоми обтаъминкунии шаҳри Ваҳдат» Нурмаҳмад Халифаев аз рӯи моддаи 153, қ 2-и Кодекси ҷиноии ҶТ (Вайрон кардани қонунгузории меҳнат) парвандаи ҷиноӣ боз шуд.

Мувофиқи маълумоти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, номбурда аз моҳи декабри соли 2008 то моҳи апрели соли 2009 музди меҳнати зертобеъонашро, ки 87 ҳазору 107 сомониро ташкил медиҳад, напардохтааст.

Дар Кодекси ҷиноии ҶТ нисбати ин аъмол пардохти ҷарима ба андозаи аз 200 то 500 баробари ҳадди аққали музди меҳнат бо манъи ишғоли вазифаҳои муайян дар муддати 5 сол ё маҳрум намудан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 сол пешбинӣ шудааст.