Душанбе. 1-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» -Рӯзи 31-уми май дар шаҳри Ваҳдат сокини шаҳри Душанбе Ҷумъабой Сангинов, ки замони ҷанги шаҳрвандӣ узви гурӯҳи Абдулло Раҳимов – маъруф бо лақаби Мулло Абдулло буд, ба даст доштан дар ҷиноёти солҳои гузашта содиршуда гунаҳкор дониста мешавад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, Ҷ.Сангинов дар латукӯби шаҳрванд Табаров Н.Х. 4-уми майи соли 1996 ва ҳамлаи ғоратгарона ба истироҳатгоҳи «Оби Гарм» 18-уми ноябри соли 1996 гунаҳкор дониста мешавад.

Дар Тоҷикистон то ҳанӯз тафтиши парвандаҳои ҷиноии солҳои ҷанги шаҳрвандӣ идома дорад. Нимаи моҳи май узви гурӯҳи ҷиноятпешаи Фатҳулло Тоҷиддинов (Эшони Дароз) – сокини ноҳияи Нуробод Музаффар Нуриддинов боздошт гардид. Зимни тафтиш ошкор гардид, ки боздоштшуда дар ҳамроҳӣ бо Мулло Абдулло тӯли солҳои 1994-1999 дар ноҳияи Ваҳдату Файзобод як қатор ҷиноятҳои вазнин содир кардаанд. «Иштироки М.Нуриддинов дар қатли ду нафар корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Файзобод дар соли 1998 муайян шуд», - афзуд манбаъ.