Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар маркази шаҳри Душанбе шахсони номаълум чизҳои шахсии шаҳрванди Полша, корманди Дафтари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупоро дуздиданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар доданд, шаби 31-уми май ба 1-уми июн шахсони номаълум панҷараи оҳании тирезаи манзили зисти намояндаи САҲА-ро шикаста вориди хона мешаванд ва аз он ҷо аксбардори Sony , 2 телефони мобилӣ, гарданбанди тилло ва ҳамчунин 400 сомониву 100 Евро маблағро ғорат мекунанд. «Ғайр аз ин, ҷинояткорон як силсила ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла шиносномаи хориҷӣ ва корти плостикии Visa -ро низ бо худ бурдаанд», - гуфт манбаъ.

Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, корҳои тафтишотӣ идома доранд.