Хуҷанд. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд баррасии парвандаи сардабир ва сармуҳосиби рӯзномаи ӯзбекзабони «Тонг» ва яксоҳибкор оғоз гардид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» раисикунандаи ин мурофиа додгоҳӣ, судя Исмоил Раҳматов иттилоъ дод, сардабири рӯзнома Пӯлод Умаров, сармуҳосиб Сурайё Умарова ва соҳибкор Дадо Қосимов ба тақаллубкории аснод ва азхуд кардани маблағи аз ҷониби ташкилоти хориҷӣ ҷудогардида гумонбар дониста мешаванд. «Парвандаи ҷиноӣ дар асоси аризаи муассиси рӯзнома Мақсуд Худойбердиев боз шуда, номбурда дар аризааш оид ба тавассути сохтакори аснод аз ҷониби номбурдагон азхуд кардани 44075,50 сомонӣ хабар дода буд», - гуфт ӯ.

Ба гуфтаи И.Раҳматов маблағи мазкурро ба сифати кӯмаки бебозгашт ҷиҳати рушди фаъолияти рӯзнома Бунёди байнулмилалии ИМА «National Endowment For Democracy» (NED) ба суратҳисоби рӯзнома гузаронидааст.