Душанбе. 2-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Додситонии кулли ҷумҳурӣ парвандаи ҷиноии як зумра кормандони гурӯҳи таъиноти махсуси милисаи (ОМОН) Тоҷикистонро, ки гурӯҳи муташаккили ҷинояткорӣ созмон дода, дар содир намудани як қатор ҷиноёти вазнин дар қаламрави кишвар гумонбар дониста мешаванд, баррасӣ намуд ва ба Додгоҳи Олии ҶТ ирсол кард.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Додситонии кулли ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, зимни тафтишот муайян шудааст, ки собиқ корманди Сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Таваккалхӯҷа Низомов роҳбарии гурӯҳро ба ӯҳда дошта, собиқ муовини фармондеҳи гурӯҳи таъиноти махсуси милиса Равшан Ҳомидов, собиқ сардори қисми навбатдории ин сохтор Тоҳир Раҳимов ва бекорон Хуршед Исломов ва Абдухалил Фаттоев ба ҳайати гурӯҳ шомил будаанд.

Ёдрас мекунем, ки ҳамаи онҳо ба содир намудани ҷиноятҳои вазнин дар қаламрави ҷумҳурӣ ва ҳодисаи ғорат намудани казинои «Помир» дар ҷамоати Оққӯрғони ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста мешаванд. Шаби 15-уми феврал гурӯҳи афроди мусаллаҳи ниқобпӯш ба казино ворид гардида, бо таҳдиду зӯроварӣ аз силоҳи оташфишон бошандагони казино, кормандон ва посбонони онро рӯи фарш мехобонанд ва сипас аз ҳозирин телефонҳои мобилӣ ва калидҳои мошинҳояшонро кашида гирифта, сейфи нигаҳдории пулро, ки дар дохили он ҳудуди 40 ҳазор доллари ИМА мавҷуд буд, бо худ мебаранд. Онҳо ҳамчунин таҷҳизоти наворбардории видеоии казино ва протсесори компутарро низ бо худ мегиранд. Пас аз он ба мошини навъи «Lexus-350» нишаста оромона аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Мошин субҳи рӯзи дигар дар канори маҳаллаи Калинини пойтахт ёфт шуда буд.