Душанбе, 3 июн - Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Ҷ умҳурии То ҷ икистон Зариф Ализода дир ӯ з барои намояндагони воситаҳои ахбори оммав ӣ нишасти матбуот ӣ баргузор намуд. Вай изҳор намуд, ки самти асосии фаъолияти сохтори ҳифзи ҳуқуқи инсон ҳимояи ҳуқуқи бачагон, оила, коргарони муҳо ҷ ир, таъмини ҳуқуқи баробари марду зан, инчунин ҳуқуқи маҳбусон дар ҳабсхонаҳо мебошад.

           З. Ализода зикр намуд, ки айни ҳол ташкили сохтори идории ваколатдори ҳуқуқи инсон давом дорад. Шумораи кормандони он тақрибан 20 нафарро ташкил хоҳад дод. «Мо мутахассисони варзидаи соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони ҷ амъиятиро дар асоси озмун ба кор қабул мекунем. Сипас вазъи эҳтироми ҳуқуқи инсон дар мамлакат сан ҷ ида ва таҳлил карда мешавад. Муассисаи мо барои и ҷ рои фаъолияташ бо созмонҳои байналхалқ ӣ , ғайриҳукумат ӣ ва ғайра ҳама ҷ ониба ҳамкор ӣ хоҳад кард», - гуфт вай.

           Қайд карда шуд, ки дар мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлат ӣ , аз ҷ умла ҷ амоатҳо ш ӯ ъбаҳои қабули мизо ҷ он кушода мешавад. Дар ин ҷ ойҳо аризаю шикоятҳои сокинони маҳалл ӣ қабул карда мешаванд.

            З. Ализода афзуд, ки созмони ҳифзи ҳуқуқи инсон бо воситаҳои ахбори оммав ӣ ва журналистон ҳама ҷ ониба ҳамкор ӣ хоҳад кард.

          Зариф Ализода бо фармони Президенти Ҷ умҳур ӣ Эмомал ӣ Раҳмон 27 май ваколатдори ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷ умҳурии То ҷ икистон таъин гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» хабар медиҳад.