Душанбе. 4-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Шабонарӯзи гузашта кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ аз ду ҳодисаи муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ҷилавгирӣ намуданд, ки дар натиҷа 25 кило маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар ноҳияи Шӯроообод сокини маҳаллӣ бо 15,705 кило афюн боздошт шуд.

«Дар бозори шаҳри Чкаловски вилояти Суғд бошад, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро бо 10 кило маводи сахтаъсири ҳероин боздошт намуданд», - афзуд манбаъ.