Душанбе. 5-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Панҷ донишҷӯи тоҷики макотиби олии Қоҳира ба ватан истирдод мешаванд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев хабар дод, ҳукуматдорони Миср барои он чунин тасмим гирифтаанд, ки донишҷӯёни тоҷик тартиботи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрви Мисрро риоя накардаанд.

  Ёдрас мекунем, ки шаби 26 ба 27-уми май пулиси Миср ҷиҳати тафтиши риояи тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ санҷиш гузаронида, зиёда аз 150 нафар шаҳрванди хориҷиро боздошт намуд, ки дар байни онҳо 15 нафар донишҷӯёни тоҷик низ ҳузур доштанд. Мувофиқи маълумоти ВКХ ҶТ, 6 нафари онҳо рӯзи 27-ум ва боз чор нафари дигар рӯзи 30-юми май раҳо гардида буданд.

Ба гуфтаи Д.Назриев, имрӯз ба Вазорати корҳои хориҷӣ мактуби ҳукуматдорони Миср расидааст, ки дар он гуфта мешавад,   ҳуҷҷатҳои панҷ нафари боқимонда ноқисиҳо дошта, ду нафар донишҷӯи тоҷик ҳатто дар консулгарии сафорат сабт нагардидаанд. «Донишҷӯён мустақилона ба Миср баҳри таҳсил рафта буданд ва аз ин рӯ, аз ҳисоби худашон ба ватан истирдод мегарданд», - афзуд ӯ.