Душанбе. 8-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар ҳукуматдорони Миср се донишҷӯи Донишгоҳи исломии «Ал-Азҳар»-и Қоҳираро, ки дар қатори 15 нафар донишҷӯёни дигари   тоҷик шаби 26 ба 27-уми май боздошт шуда буданд, ба ватан истирдод карданд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҶТ иттилоъ доданд, айни замон донишҷӯёни истирдодшуда – Шавкат Кимсанов, Хуршед Эрматов ва Аламшо Шарифов дар шаҳри Маскав қарор доранд.

            Бино ба иттилои манбаъ, зимни баргузории амалиёти риояи тартиби будубоши шаҳрвандони хориҷӣ мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Миср 15 нафар донишҷӯи макотиби олии Мисрро боздошт намуда, 6 нафари онҳоро рӯзи 27-ум ва 4 нафари дигарро рӯзи 30-юми май раҳо карда буданд. «Айни замон масъалаи истирдоди Фаридун Гулов ва Идибек Зиёвуддинов ҳанӯз пурра мушаххас нест ва аз эҳтимол дур нест, ки онҳо пайи идомаи таҳсил дар Миср бимонанд», - гуфт намояндаи Вазорати корҳои хориҷии ҶТ.

            Зикр гардид, ки ҳамаи шаҳрвандони боздоштшудаи тоҷик донишҷӯёни Доншгоҳи исломии «Ал-Азҳар»-и Қоҳира буда, мустақилона баҳри таҳсил ба Миср рафтаанд. «Ҳукуматдорони Миср онҳоро дар риоя накардани тартиботи будубоши шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави Миср гунаҳкор медонанд», - афзуд манбаъ.