Душанбе. 10-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Пагоҳ дар шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии бародари собиқ вазири умури дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов – Тағойназар Солеҳов оғоз мегардад. Т.Солеҳов дар нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва куштор гумонбар дониста мешавад. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз додгоҳи шаҳри Душанбе иттилоъ доданд.

            Ёдрас мекунем, ки Тағойназар Солеҳовро рӯзи 17-уми апрели соли ҷорӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба гумони даст доштан дар нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ба қатл расонидани хеши худ – корманди милиса Далер Фозилов боздошт карда буданд.