Душанбе. 12-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, аз 1-уми июн то 30-юми ноябри соли ҷорӣ дар қаламрави пойтахт амалиёти махсуси «Кӯкнор-2009» гузаронида мешавад, ки мақсади он – ошкор ва нобуд сохтани ниҳолҳои дорои маводи мухаддир мебошад.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахти ҷумҳурӣ Шавкат Саидов иттилоъ дод, тибқи қарори мазкур, дар назди мақомоти шаҳрдорӣ ситоди махсус оид ба баргузории амалиёт ташкил гардида, нақшаи кории он тасдиқ карда мешавад. «Дар қарор аз ҳамаи сокинони пойтахт даъват ба амал оварда мешавад, ки дар кори мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дар қаламрави пойтахт ба намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидату кӯмаки худро дареғ надоранд», - афзуд Ш.Саидов.