Душанбе. 16-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар чаҳорчӯбаи баргузории амалиёти «Кӯнор-2009» дар наздикии яке аз хонаҳои истиқоматии сокини ноҳияи Шаҳринав 346 бех ниҳоли кӯкнор ошкор ва нобуд гардид.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, худи ҳамин рӯз дар наздикии яке аз манзилҳои зисти хиёбони Рӯдакии шаҳри Душанбе низ 34 бех ниҳоли рустании нашъаовар ошкор ва нобуд карда шуд.

Дар ҳамин ҳол, шабонарӯзи гузашта кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон дар ноҳияи Шуғнони ВМКБ 2 ҳазору 323 бех ниҳоли рустаниҳои нашъаовари худрӯйро кашф ва сӯзониданд.

Кормандони милисаи шаҳри Душанбе дар пойтахт сокинони ноҳияи Панҷ – Рустам ва Фирдавс Нуровҳоро бо 36 кило маводи мухаддири ҳашиш боздошт карданд. Ҳамчунин дар шаҳри Душанбе сокини ноҳияи Ваҳдат Муборакшо Шотиборов бо 500 грамм маводи мухаддири сахттаъсири ҳероин дастгир шуд.