Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Душанбе мурофиаи додгоҳии бародари собиқ вазири умури дохилии Ҷ Т Маҳмадназар Солеҳов – Тағойназар Солеҳов, ки рӯзи 11-уми июни соли равон оғоз гардида буд, идома дорад. Т.Солеҳов дар нигаҳдории ғайриқонунии аслиҳа ва куштор гумонбар дониста мешавад.

            Имрӯз раисикунандаи мурофиаи додгоҳии мазкур, додраси додгоҳи шаҳрӣ Алпомиш Акбаров бинобар камбуди вақт аз сӯҳбат бо рӯзноманигорон даст кашид.

            Ёдрас мекунем, ки Тағойназар Солеҳовро р ӯ зи 17-уми апрели соли ҷ ор ӣ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба гумони даст доштан дар нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ ва ба қатл расонидани хеши худ – корманди милиса Далер Фозилов боздошт карда буданд.