Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар мавзеи наздики шаҳри Душанбе махфигоҳи бузурги силоҳ кашф шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, зимни азназаргузаронии мавзеъе дар наздикии хоҷагии Тоҷикободи ҷамоати Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ пинҳонгоҳи аслиҳаву муҳимот ошкор гардида, аз он туфангчаҳои навъҳои «Стар-Стал-22», «Сат», «Макаров», туфанга-пулемёти истеҳсоли хориҷӣ бо ду тирдон, милтиқи навъи «Винчестер Кобра», 2 автомати Калашников, милтиқи шикории андозаи 16, милтиқи хурд, 446 дона тирҳои андозаи гуногун, 8 дона норинҷаки Ф-1 ва 3 дона норинҷаки РГД-5 дарёфт ва мусодира карда шудааст.

Ёдрас мекунем, ки чанде пеш зимни азназаргузаронии қаламрави сохтмони бинои манзили зист дар кӯчаи Ҳувайдуллоеви шаҳри Душанбе пинҳонгоҳи аслиҳа ошкор карда шуд. Аз пинҳонгоҳ як пулемёти Калашников бо 3 тирдон ва ҳамчунин 19 тирдони автомати Калашников ва 1 ҳазору 133 дона тирҳои гуногун пайдо шуда буд.

            Шурӯъ аз соли 1994 танҳо аз ҷониби мақомоти умури дохилии ҷумҳурӣ зиёда аз 31 ҳазор адад силоҳ мусодира карда шудааст.