Душанбе. 17-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Собиқ роҳбари ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» Ҳокимшо Тиллоев дар боздоштгоҳи муваққатии Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе зери назорат қарор дода шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» як сарчашмаи воломақом аз додситонии кулли ҶТ иттилоъ дод, парвандаи ҷиноии бозгардида нисбати Ҳ.Тиллоев ба фаъолияти касбии ӯ зимни ифои вазифа ба ҳайси мансабдори масъули давлатӣ   марбут аст. «Парвандаи ҷиноӣ нисбати мавсуф бар асоси якчанд аризаҳо аз ҷониби шахсони алоҳида ба додситонии кулл, ки масоили молиявии ҷонибҳоро дар бар мегиранд, оғоз гардид», - гуфт манбаъ.

Алҳол аз ифшои ҷузъиёти дигари парвандаи мазкур худдорӣ карда шуд. Ҳокимшо Тиллоев аз моҳи январи соли 2006 то моҳи ноябри соли 2008 ба сифати сарвари кулли ширкати давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» ифои вазифа намуд.