Душанбе. 18-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз собиқ вазири умури дохилии ҶТ Маҳмадназар Солеҳов дар хонааш худро парронд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ иттилоъ доданд, дирӯз Додситонии кулли ҷумҳурӣ ба ҳабси собиқ вазири ВКД иҷозатнома додааст. Роҷеъ ба чунин тасмимгирӣ ва ба кадом ҷиноёт гумонбар дониста шудани Маҳмадназар Солеҳов чизе хабар дода нашуд. «Дар ҷойи ҳодиса гурӯҳи фаврӣ машғули кор аст», - гуфт манбаъ.

            Ёдрас мекунем, ки М.Солеҳов ба ҳайси вазири умури дохли ҶТ ду сол фаъолият карда, моҳи январи соли 2009 аз мансаб сабукдӯш гардида буд. Қобили зикр аст, ки чанд рӯзи ахир дар додгоҳи шаҳри Душанбе баргузории мурофиаи додгоҳии бародари собиқ вазир – Тағойназар Солеҳов идома дорад. Т.Солеҳов дар куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ гунаҳкор дониста мешавад.