Душанбе. 19-уми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар шаҳри Душанбе мулоқоти Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода бо намояндагони зиёда аз 30 созмони ҷамъиятӣ доир гардид. Мулоқоти мазкур бо ташаббуси созмони ҷамъиятии «Дафтари ҳуқуқи инсон ва рияои қонуният» дар ҳамдастӣ бо созмони ҷамъиятии «Иттифоқи истеъмолгарони Тоҷикистон» ва созмони илмиву маърифатии «Ҷомеа ва ҳуқуқ» баргузор шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сарвари СҶ «Дафтари ҳуқуқи инсон ва рияои қонуният» Наргис Зокирова иттилоъ дод, Зариф Ализода ба ҳозирин дар бораи самтҳои фаъолияти пешбинишудаи сохтори мазкур маълумот дода, изҳор дошт, ки фаъолияти сохтор дар самтҳои риояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳанг роҳандозӣ хоҳад шуд. «Аллакай ба сохтор муроҷиату аризаҳои шаҳрвандон ворид мегарданд ва моро зарур аст, ки ҳарчи зудтар тариқи озмун ҳайати шахсии кормандонро муайян сохта, ба кор шурӯъ намоем», - гуфт ӯ.

            З.Ализода ҳамчунин аз саҳм гирифтани созмонҳои ҷамъиятӣ дар кори омӯзиши ҳайати шахсии ин сохтор ва огаҳии аҳолӣ аз фаъолияти он изҳори умедворӣ намуда, иброз дошт, ки айни замон асноди меъёриву ҳуқуқии фаъолияти сохтор таҳия мегардад. «Нашри гузориши ҳамасола дар бораи вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҷараёни иҷрои конвенсияву дигар асноди байнулмилалии ҳуқуқии аз ҷониби Тоҷикистон баимзорасида ба нақша гирифта шудааст», - изҳор дошт вай ва афзуд, ки дар ояндаи наздик баргузории мулоқоти ӯ бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии дигар манотиқи ҷумҳурӣ пешбинӣ шудааст.

            Дар навбати худ намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ ба Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар ҶТ дар бораи ҳар семоҳа доир намудани мулоқот бо онҳо, иштироки созмонҳои ҷамъиятӣ дар таҳияи гузориши солона оид ба вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ, омода сохтани гузоришҳои алтернативӣ ба Кумитаҳои СММ ва дар сурати зарурат ирсоли арзу шикоят ба ташкилотҳои ғайриҳукуматии дахлдор ва ғайра пешниҳоду тавсияҳо иброз доштанд.

            Дар фарҷоми вохӯрӣ қарор шуд, моҳи сентябри соли равон боз чунин мулоқот доир карда шавад.