Душанбе. 20-уми июн - Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, Муҳаммадназар Солеҳов, собиқ вазири умури дохилии Тоҷикистон худкушӣ кардааст.

Бобоҷон Бобохонов зимни як нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе хабари бархе аз расонаҳои хориҷиро, ки Солеҳов ҳангоми боздошт кушта шудааст, бепоя хонд.

Додситони кулли Тоҷикистон ахбор дар расонаҳои хориҷӣ дар мавриди сурат гирифтан тирпаронӣ дар хонаи М. Солеҳов, вазири собиқи дохилаи Тоҷикистонро ва ҳамчунин шаҳодати ҳамсар ва фарзанди марҳум дар бораи кушта шудани ӯ аз сӯйи афроди маъмури ҳукуматро такзиб кард.

Қаблан ҳамсар ва фарзанди М. Солеҳов ба расонаҳо гуфта буданд, ки падари хонадони онҳо аз сӯйи гурӯҳи маъмур ба ҳангоми боздошт кушта шудааст.

Дар идомаи нишасти матбуотӣ додситони кулли Тоҷикистон, Бобоҷон Бобохонов, расонаҳои дохиливу хориҷии Тоҷикистонро ба воқеӣ баррасӣ кардани ин қазия даъват кард ва афзуд, ин ахбор обрӯйи Тоҷикистонро дар сатҳи байнулмилал халалдор мекунанд. Дар ин бора бахши тоҷикии сомонаи интернетии радиои Озодӣ хабар медиҳад.