Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар Тоҷикистон аз муомилоти ғайриқонунии миқдори зиёди маводи мухаддир ҷилавгирӣ карда шуд.

            Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 20-уми июн дар посгоҳи назоратии «Чорбоғ» кормандони БДА автомашинаи « Toyota Avensis »-и мутааллиқ ба сокини шаҳри Душанбе С.С.-ро манъ месозанд, ки як мусофири дигар – сокини ноҳияи Вахш Т.А. низ дар он ҳузур дошт. «Ҳангоми азназаргузаронӣ аз дохили автомашина 50 кило маводи сахттаъсири ҳероин дарёфт ва мусодира карда шуд», - гуфтанд дар вазорат.

            Зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, айни замон кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бобати муайян кардани соҳиби бор ва дигар шахсони дар ин кор дастдошта чораҳо меандешанд.