Душанбе. 22-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Директори вагон-ресторани қатораи мусофирбари «Душанбе-Маскав» Маҳмадшариф Ҷӯраев бо 4 кило ҳероин боздошт шуд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати корҳои дохилии ҶТ иттилоъ доданд, дар қаламрави ҷамоати Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ зимни кофтукови шахсии номбурда маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, корҳои тафтишотӣ идома доранд», - гуфтанд дар вазорат.