Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 5 ҳазору 516 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 4,7 дарсад зиёдтар мебошад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, дар ин давра 49 дарсад ҷинояти марбут ба амвол, 965 ҷинояти қаллобӣ, 38 ҳодисаи куштор ва 300 ҷинояти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ба қайд гирифта шудааст.

Зикр гардид, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ 484 ҳодисаи қонуншиканӣ ошкор карда шуда, шумори ҷиноятҳои содиршуда дар ҳолати мастӣ аз 80 ҳодисаи ҳамин давраи соли гузашта ба 101 ҳодиса расидааст. 24 ҷиноят аз ҷониби гурӯҳи муташаккили ҷинояткорӣ содир карда шуда, миқдори ҷиноёти вобаста ба муомилоти ғайриқонунии силоҳ аз 33 ҳодисаи ҳамин давраи соли гузашта, то 19 ҳодиса дар ин давраи ҳисоботӣ камтар гардидааст.