Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ воридшавии аризаҳои ҷабрдидагон аз фаъолияти гурӯҳи фиребгарон, ки худро корманди ширкати шабакавии «Invite to try» муаррифӣ месохтанд, идома дорад.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКД ҶТ иттилоъ доданд, созмондиҳандагони ширкати шабакавии низоми маркетингӣ се сокини ноҳияи Шаҳринав - Фирӯза Ниёзова, Сотихон Каримов ва Шералӣ Азимов ва ду сокини ноҳияи Ваҳдат – Замрра Хоҷаева ва Маҳбуба Мӯсоева мебошанд, ки ба боварии одамон даромада, онҳоро ба «тиҷорат»-и худ ҷалб мекарданд. «Шахсони ҷалбшударо зарур буд, ки маблағҳои худро ба тиҷорат гузошта, боз касони дигарро ҷалб намоянд ва сипас даромади ҳангуфтро интизор шаванд», - гуфт манбаъ.

Бино ба иттилои манбаъ, дирӯз аз панҷ нафар ҷабрдидагон, ки ба «тиҷорат» 70 ҳазор $ маблағгузорӣ кардаанд, аризаҳо ворид шудаанд. «Ҳамаи созмондиҳандагони ин «тиҷорат» боздошт шуда, нисбат ба аъмоли онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст», - афзуд манбаъ.