Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Кормандони милисаи шаҳри Душанбе ду халта маводи мухаддирро мусодира карданд.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз Вазорати умури дохилии ҶТ иттилоъ доданд, рӯзи 28-уми июн зимни баргузории амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар кӯчаи ба номи Фирдавсии пойтахт дар автомашинаи навъи «Опел-Вектра»-и ба сокини Душанбе – Акрам Расулов тааллуқдошта 2 халта маводи мухадддир дарёфт ва мусодира карда шудааст. «Маводи мухаддир ҳащиш буда, вазни умумии он 14 килоро ташкил дод», - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки дар давоми моҳҳои январ-майи соли ҷорӣ кормандони Вазорати умури дохилии ҷумҳурӣ 300 ҷинояти марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, 1 тоннаву 249 кило маводи мухаддирро мусодира карданд.