Душанбе. 30-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон мусофиреро боздошт намуданд, ки нияти ба хориҷи кишвар интиқол додани маводи мухаддирро дошт.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз АНМН иттилоъ доданд, ба гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир мусофири хатсайри ҳавоии Душанбе-Екатеринбург, сокини 23-солаи ноҳияи Варзоб боздошт гардид. «Мусофири боздоштшуда ба агентӣ оварда шуда, аз дохили меъдаи ӯ 50 контейнери дорои ҳероин гирифта шуд», - гуфтанд дар агентӣ.

Бино ба иттилои манбаъ, вазни умумии ҳероини мусодирашуда 388 граммро ташкил медиҳад. «Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷиҳати муайян кардани дигар ашхоси ба ин амал дастдошта чораҳо андешида мешаванд», - афзуд манбаъ.