Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Модари пизишки саратоншинос Хуршед Бобокалонови 33-сола, ки дар муноқиша бо кормандони милиса ба таври асроромез ҳалок шуд, баҳри баргузории тафтиши дақиқи ҳодиса ва ҷазо додани гунаҳкорон ба Додситонии кулли ҷумҳурӣ муроҷиат карданист.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» модари табиби фавтида Саодат Қулиева иттилоъ дод, мувофиқи баъзе маълумот, писари ӯ аз ҷароҳатҳои гирифтааш аз кормандони милиса бевосита дар дар ШКД-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба ҳалокат расидааст, на «дар роҳи интиқол ба шӯъбаи милиса».

Ба гуфтаи ӯ, шоҳидоне ҳастанд, ки ҳодисаро дар телефони мобилиашон наворбардорӣ кардаанд ё аз тирезаҳои хонаашон бо чашмони худ чӣ тавр сурат гирифтани воқеаро мушоҳида кардаанд. «Дар ҷисми писри ман харошҳои зиёде мавҷуд буданд, биниву пешониаш захм дошт, дар сараш ҷароҳати хунӣ аён буд ва ҳамаи ин гувоҳи он аст, ки марги писари ман бар асари амалҳои кормандони милиса ба вуқӯъ пайвастааст», - гуфт ӯ.

С.Қулиева изҳор дошт, ки писараш солим буд ва инро тадқиқоти тиббии чандинкаратаи як моҳ пеш баргузоршуда собит месозанд. «Шояд Хуршед мехост роҳро аз ҷойи манъшуда убур намояд ё нахостааст амволи дар сумкаааш бударо ба кормандони милиса нишон диҳад, вале ин барои бо инсон чунин рафтори дағалона кардан ва ба марг оварда расонидан асос буда наметавонад», - гуфт бо таассуф модари Х.Бобокалонов.

Модари фавтида афзуд, ният дорад қотеъона то охир чораҳо андешад, то ки гунаҳкорон ҷазои сазовор гиранд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 27-уми июн дар маркази пойтахт миёни мудири шӯъбаи қабули беморони бинои 10-уми Маркази тиббии миллӣ Хуршед Бобокалонов ва кормандони милиса муноқиша рух дод. Тибқи фарзияи расмии ВКД ҶТ, Х.Бобокалонов «дар ҳолати мастӣ тртиботи ҷамъиятиро халалдор сохта, ба талаботи кормандони милиса аҳамияте надодааст». «Бо мақсади муайян намудани шахсият ва ҳолати мастии ӯ, кормандони милиса қарор медиҳанд, ки Х.Бобокалоновро ба шӯъба баранд, вале бо сабабҳои номаълум ӯ дар роҳ ба ҳалокат мерасад», - гуфтанд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

            Ба гуфтаи ҳамкорони табиби фавтида, ҳамон рӯз, яъне 27-уми июн Х.Бобокалонов пас аз машқи боди-билдинг дар толори варзишӣ ҳамсабақони солҳои донишҷӯиашро вохӯрда, ба тарабхона дар маркази шаҳр баҳри нӯшидани оби ҷав (пиво) мераванд. Пас аз хайрухуш Х.Бобокалонов ба Хонаи матбуот назди модараш раҳсипор мегардад ва дар роҳ ӯро кормандони милиса боздошт менамоянд. «Тибқи маълумоти ба мо расида, ҳудуди 15 нафар кормандони милиса зӯран мехоҳанд ӯро ба мошини милиса тела диҳанд ва дар роҳ ӯ ба ҳалокат мерасад», - гуфт дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз кормандони беморхона.

            Ба қавли табибон, Х.Бобокалонов дар соҳаи худ яке аз пизишкони соҳибтаҷриба маҳсуб гардида, бо варзиш сарукор дошт, солим буд ва аз машрубот сӯиистеъмол намекард.

            Х.Бобокалонов рӯзи 28-уми июн дар яке аз қабристонҳои пойтахт ба хок супурда шуд. Ӯ соҳиби ду фарзанди ноболиғ – яке 6-солаву дигаре 7-сола аст.

            Тибқи натиҷаҳои ташхис оид ба марги нобаҳангоми мудири шӯъбаи қабулгоҳи беморони Маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ - Хуршед Бобокалонови 33-сола, марги ӯ бар асари фаъолияти номӯътадили дил дар натиҷаи гипертрофияи мушаки дил ва ҳамчунин асфиксияи механикӣ аз маҳкамшавии роҳҳои нафаскашӣ сурат гирифтааст.