Душанбе. 1-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи натиҷаҳои ташхис оид ба марги нобаҳангоми мудири шӯъбаи қабулгоҳи беморони Маркази саратоншиносии ҷумҳурӣ - Хуршед Бобокалонови 33-сола, марги ӯ бар асари фаъолияти номӯътадили дил дар натиҷаи гипертрофияи мушаки дил ва ҳамчунин асфиксияи механикӣ аз маҳкамшавии роҳҳои нафаскашӣ сурат гирифтааст. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Вазорати умури дохилии ҶТ хабар доданд.

Ёдрас мекунем, ки шоми рӯзи 27-уми июн дар маркази пойтахт миёни мудири шӯъбаи қабули беморони бинои 10-уми Маркази тиббии миллӣ Хуршед Бобокалонов ва кормандони милиса муноқиша рух дод. Тибқи фарзияи расмии ВКД ҶТ, Х.Бобокалонов «дар ҳолати мастӣ тартиботи ҷамъиятиро халалдор сохта, ба талаботи кормандони милиса аҳамияте надодааст». «Бо мақсади муайян намудани шахсият ва ҳолати мастии ӯ, кормандони милиса қарор медиҳанд, ки Х.Бобокалоновро ба шӯъба баранд, вале бо сабабҳои номаълум ӯ дар роҳ ба ҳалокат мерасад», - гуфта буданд дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ.

            Ба гуфтаи ҳамкорони табиби фавтида, ҳамон рӯз, яъне 27-уми июн Х.Бобокалонов пас аз машқи боди-билдинг дар толори варзишӣ ҳамсабақони солҳои донишҷӯиашро вохӯрда, ба тарабхона дар маркази шаҳр баҳри нӯшидани оби ҷав (пиво) мераванд. Пас аз хайрухуш Х.Бобокалонов ба Хонаи матбуот назди модараш раҳсипор мегардад ва дар роҳ ӯро кормандони милиса боздошт менамоянд. «Тибқи маълумоти ба мо расида, ҳудуди 15 нафар кормандони милиса зӯран мехоҳанд ӯро ба мошини милиса тела диҳанд ва дар роҳ ӯ ба ҳалокат мерасад», - гуфта буд дар сӯҳбат ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» яке аз кормандони беморхона.

            Ба қавли табибон, Х.Бобокалонов дар соҳаи худ яке аз пизишкони соҳибтаҷриба маҳсуб гардида, бо варзиш сарукор дошт, солим буд ва аз машрубот сӯиистеъмол намекард.

            Х.Бобокалонов рӯзи 28-уми июн дар яке аз қабристонҳои пойтахт ба хок супурда шуд.

            То ҳанӯз вокуниши хешу наздикони марҳум нисбат ба сабабҳои ташхиси марги ӯ номаълум аст.