Душанбе. 2-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс» аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ин ҳодиса рӯзи 1-уми июл, тақрибан соати 21-у 30 дақиқа дар кӯчаи Лоҳутӣ ба вуқӯъ пайвастааст. «Зодаи ноҳияи Восеъ Ҷ.Туйдаков ҳадафи се тири шахсони номаълум аз туфангчаи Макаров қарор гирифта, захмӣ шуда, ҳангоми интиқол ба беморхона ба ҳалокат расид», - гуфт манбаъ.

            Ба иттилои иманбаъ, феълан аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз гардида, ҷиҳати дастгир намудани шахсони дар ин куштор дастдошта чораҳои фаврӣ андешида мешаванд.